2018 - СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

 

  Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                

22.12.2017 13:21, шаҳри Душанбе

     


             Семинари илмї-амалии 

                                                           ”Нақши маориф дар рушди сайёҳї ва ҳунарҳои мардумї” 11.05.2018       

                Дар асоси наќшаи кории Пажўњишгоњи рушди  маориф ба номи Абдурањмони Љомии Академияи тањсилоти Тољикистон рўзи 11 маи соли 2018 бахшида ба “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” бо ташаббуси шуъбаҳои технологияи санъат, меҳнат, варзиш ва бехатарии хонандагон (и.в.мудири шуъба Ҳакимова Б.Р.) ва шуъбаи фанњои табиию риёзї (мудири шуъба Убайдов М.)  ва муассисаҳои озмоишии ноҳияи Рӯдакӣ семинари илмї-амалї дар мавзўи: “Нақши маориф дар рушди сайёҳї ва ҳунарҳои мардумї" баргузор гардид.

Семинари мазкур аз ду ќисм иборат буда, дар ќисмати аввали он намоиши мањсули дасти тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, донишљўёни коллељи техникию омўзгории ноњияи Рўдакї, ки ба “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” бахшида шудааст, дар саҳни муассиса  ба маърази умум  гузошта шудаанд.

Дар баргузории намоиш ҳунарҳои мардумї муассисањои тањсилоти томактабї, миёнаи асосї, миёнаи умумї, гимназияи бачагони лаёќатманд ва донишљўёни коллељи техникию омўзгории ноњияи Рўдакї, аз љумла, мураббиён ва тарбиятгирандагони Ширхоргоњ- кўдакистони №1 (мудирааш Њољиматова М.), муассисањои тањсилоти миёнаи умумии №13 (директор Ќурбонов Љ.), № 63 (Одинабекова Ш.), № 125 (ЮнусоваМ.), гимназия барои бачагони лаёќатманд (Бегмуродов Р.) ва донишљўёни коллељи техникию омўзгорї (Ширинзода Н.) фаъолона ширкат варзида, маҳсули дасти хешро, ки аз намунаи ҳунарҳои мардумони сокини ҷумњуриямон мебошанд, муаррифӣ намуданд.

Аз љониби муассисањои дар боло номбаршуда дар давоми намоиши мањсули дасти тарбиятгирандагон, толибилмон ва донишљўён инчунин барномаи хурди консертї низ пешкаш карда шуд.

1.        Ширхоргоњ- кўдакистони №1 н.Рўдакї бо хунарњои мардумї лўхтакчањои миллї, каштадузї, таомњои миллї, раќси миллї, либоси миллї  ва ќироати шеъру суруд.

2.        Муассисаи  тањсилоти миёнаи умумї № 13–и н.Рўдакї аз намунањои њунарњои мардумї сабатбофї, каштадузї, омода намудани таомњои миллї, раќси миллї, либоси миллї;

3.        Муассисаи  тањсилоти миёнаи умумї № 63 н.Рўдакї намунањои њунарњои мардумї кандакорї, каштадузї, зардузї, таомњои миллї, раќси миллї, карнаю сурнай,  либоси миллї;

4.        Муассисаи тањсилоти умумї асосии №125–и н.Рўдакї, намоиши намунањои њунарњои мардумї кандакорї, каштадузї, зардўзї, таомњои миллї, раќси миллї, либоси миллї; 

5.        Гимназия барои бачагони лаёќатманди н.Рўдакї бо њунарњои мардумї каштадузї, зардузї, таомњои миллї, раќси миллї, либоси миллї; 

6.        Коллељи техникию омўзгории н.Рўдакї бо намунањои њунарњои мардумї кулолгарӣ,  каштадўзї, зардузї, таомњои миллї, раќси миллї, либоси миллї иштирок намуданд.

Пас аз анљоми намоиш ва баромади намояндагони муассисањои таълимии ноњияи Рўдакї, бењтаринњо бо сипоснома ва ифтихорномаи Пажўњишгоњи рушди маориф ќадрдонї карда шуданд.

Дар ќисмати дуюми семинар дар толори Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи тањсилоти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи дуюми семинар намояндагони Академияи тањсилоти Тоҷикистон, олимон, мутахассисони соња, унвонҷӯён, донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, донишҷӯёни коллеҷи техникию омӯзгории ноњияи Рӯдакӣ ва номояндагони васоити ахбори умум иштирок карданд. 

       Қисмати дуюми семинарро бо сухани ифтитоњӣ доктори илми фалсафа, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи тањсилоти Тоҷикистон ЗиёӣХ.М. кушода эълон намуда, андешањояшро дар бораи ањамияти рушди њунарњои мардумӣ дар тарбияи эстетикӣ, мењнатдӯстӣ хонандагони муассисањои таҳсилоти умумии кишвар ва рушди соҳаи сайёҳии мамлакат иброз намуд.

        Дар семинар маърӯзањои  Убайдов М.-мудири шуъбаи фанњои табиию риёзии ПРМ дар мавзӯи “Нақши маориф дар рушди сайёҳї ва ҳунарҳои мардумї", Содиқов Ш.- муаллими калони кафедраи методикаи таълими география ва туризми Донишгоњи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи “Хусусиятњои географии рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Мусоев Д.- асистенти кафедраи методикаи таълими география ва туризми Донишгоњи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи “Имкониятҳои рушди намудњои гуногуни фаъолияти сайёњӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қодиров Х.–донишҷўи курси 3-юми ихтисоси саёњат ва мењмондории Донишгоњи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи “Имкониятњои рушди сайё њии экологӣ дар Тоҷикистон” ва Эсоев Н.- ҷонишини директори коллеҷи техникию омӯзгории ноњияи Рўдакӣ дар мавзўи “Ҷойгоњи кишваршиносӣ ва њунарњои мардумӣ дар тарбияи наврасону ҷавонон”шунида шуд.

                              Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, шањри Душанбе 11 маи соли 2018

                                         Лањзањо аз баргузории семинари илмї-амалї

  

 

                                                      

                                                             

    

 

       

 

                      

      

 

    

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  ТУРИЗМРО ТАРҒИБ НАМОЕМ

Дар замони њозира туризм ё саёњат ба манбаи бузурги даромад табдил ёфтааст. Њатто дар баъзе давлатњо туризм ба сарчашмаи асосии иќтисодиёт мубаддал гашта, омили асосии даромад гардидааст. Аз ин рў, барои инкишоф додани туризм дар љањони муосир  донишкадањо во марказњои бузурги тањќиќї ва тарѓиботї амал менамоянд. Њоло доираи фаъолияти  туризм рўз то рўз васеъ гашта, он объектњои гуногунро дар бар мегирад. Туризм аз љињати таркиб гуногун буда як навъи бисёр муњими он  туризми фарњангї мебошад. Ин навъи туризм ба муассиса ва объектњои фарњангї алоќаманд аст ва муњимтарини он осорхона мебошад. Воситаи асосии фаъолияти осорхонањо ёдгорињои таърихї-фарњангї ва намунањои санъату њунари муосир буда, онњо дар навбати худ тавассути метод ва василањои гуногун ба туристони дохилию хориљї дар осорхона ва ташкилотњои туристї дар сатњњои гуногуни њамкорињо мурарифї мегардад.

Бо вуљуди он, ки дар осорхонањои Тољикистон мероси таърихию фарњангии даврањои гуногун тањќиќ ва љамъоварї шудаанд, дар масъалаи истифодаи онњо ба манфиати туризми ватанию хориљї мушкилоти зиёд вуљуд доранд. Аммо хушбахтона осорхонањои Тољикистон ба хусус осорхонањои марказї  метавонанд дар ташаккул ва инкишофи туризми ватанї наќши муњиме дошта бошанд. Зеро таљрибаи фаъолияти осорхонањои Тољикистон нисбати фаъолияти туристї бою ѓанитар аст ва метавон аз он бањри рушди фаъолияти туристї ба хубї истифода намуд.   Дар замони њозира туризм ё саёњат ба манбаи бузурги даромад табдил ёфтааст. Аз ин рў, барои инкишоф додани туризм дар љањони муосир  донишкадањо во марказњои бузурги тањќиќї ва тарѓиботї амал менамоянд. Њоло доираи фаъолияти  туризм рўз то рўз васеъ гашта, он объектњои гуногунро дар бар мегирад. Туризм аз љињати таркиб гуногун буда як навъи бисёр муњими он  туризми фарњангї мебошад. Ин навъи туризм ба муассиса ва объектњои фарњангї алоќаманд аст ва муњимтарини он осорхона мебошад. Воситаи асосии фаъолияти осорхонањо ёдгорињои таърихї-фарњангї ва намунањои санъату њунари муосир буда, онњо дар навбати худ тавассути метод ва василањои гуногун ба туристони дохилию хориљї дар осорхона ва ташкилотњои туристї дар сатњњои гуногуни њамкорињо муарифї мегардад.

Бо вуљуди он, ки дар осорхонањои Тољикистон мероси таърихию фарњангии даврањои гуногун тањќиќ ва љамъоварї шудаанд, дар масъалаи истифодаи онњо ба манфиати туризми ватанию хориљї мушкилоти зиёд вуљуд доранд. Аммо хушбахтона осорхонањои Тољикистон ба хусус осорхонањои марказї  метавонанд дар ташаккул ва инкишофи туризми ватанї наќши муњиме дошта бошанд. Зеро таљрибаи фаъолияти осорхонањои Тољикистон нисбати фаъолияти туристї бою ѓанитар аст ва метавон аз он бањри рушди фаъолияти туристї ба хубї истифода намуд.

 Дар Љумњурии Тољикистон сол аз сол туризм бештару хубтар сурат гирифта, ба номгўи мањал ва љойњои диданї  номњои нав илова мешаванд. Туризми дохили њам беш аз пеш бењтару хубтар мегардад. Осорхонањо вазифаи  муњимро дар ин бобат ба љо меоваранд, зеро онњо баробари ба маърази намоиш гузоштани ёдгорињои таърихиву фарњангї ва тавассути ташкили сўњбату мусоњибањо доир ба мамнуъгоњои таърихиву фарњангї шумораи зиёди сайёњони дохиливу хориљиро ба њар манаотиќи  кишвар  љалб мекунанд. Тавре аз сўњбатњо ва мутолиаи воситањои ахбори умум маълум мегардад, дар љањон одамони бисёре њастанд, ки мехоњанд љањонгард, кунанд, одаму оламро бубинанд, тассуроти амиќ бардоранд.

        Ба ин маќсад барои васеъ кардани љањонбини худ ба мамлакатњои љануби Осиёву Аврупо сафар мекунанд. Мардуми Ѓарб ба мамлакатњои Осиёи Миёна ба сайёњат меоянд барои он, ки Шарќ аз ќадимулайём бо расму оин ва урфу одатњои гуногун диќќти онњоро ба худ љалб кардааст. Табиист, ки сайёњони хориљї ба њар кишваре, ки азим сафар бикунанд, аввалан ба осорхонањо мераванд, аз бозорњо дидан мекунанд.

         Ин дуруст аст, зеро осорхонањо иникосгари давру замонњо орзуву омол ва бозёфтњои инсонњо мебошанд. Ифодагари таърихи кишвар ва саргузашти одамон талошу љўстуљўњои онњо бањри такомули аќлу хирад ва пешаривии љомеъа мебошанд.

         Имрўзњо дар шабакањои ҷаҳонии интернет номгўи нигорањои осорхонњоро бо тасвир ва маълумоти мухтасар ба осонї пайдо кардан мумкин аст. Ин як навъ роњи ошно кардан бошад, аз дигар љињат тарѓиби сайёњонро барои дидани маљмўи нигорњо (экспозитсия) буда шавќу њавасро ба  таъриху фарњанг  дучанд мегардонад.

         Дар бисёре аз осорхонањои Љумњурии Тољикистон нигорањои пурарзиш ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки бешак диќќати сайёњони ватанию хориљиро ба худ љалб мекунанд. Шинохтатарини инњо Будоњои 12,5 метрае, ки дар натиљаи кофтуковњои бостоншиносї аз Аљинатеппа воќеъ, дар 20 километраи шоњроњи шањри Ќўрѓонтеппа ёфт шудааст ва дигаре устухони «Маликаи Саразм» мебошад, ки дар ноњияи Панљакент ёфт шуда, дар осорхонаи миллии Бостоншиносии назди Инистути таърихи Академияи улуми Тољикистон ба тамошо гузошта шудааст.

         Дар осорхонаи миллии ба номи Камолидди Бењзод нигораи аз љињати таъриху фарњанги ќадима бой ва ањамияти динї (Исломї) дошта, ки аз ноњияи Айнї дењаи Искодар ёфт шудааст, бо номи «Мењроби Искодар» басо диќатљалбкунанда мебошад.

         Солњои охир   ин нигорањоро сайёњони хориљї, дўсторони таъриху тамаддуни бостон тавассути сайтњои интернетї тамошо карда ѓизои маънавї мегиранд ва доир ба кўњандиёри мо шавќу њавас пайдо мекунанд.

         Пайдоиши аввалин осорхонањо дар Љумњури Тољикистон ба солњои 1931- рост меояд. Бори нахуст осорхона дар асоси нигорањои шахсии Мирзохољаи Собирхоља дар шањри Хуљанд пайдо шуда, соли 1934 дар шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Љумњурии Тољикистон ташкили осорхонањоро нисбат ба дигар давлатњо баъдан ба роњ монда бошад њам, боиси хушнудист, ки дар як муддати  кўтоњи  таърихї халќи тољик тавонист нигорањои фарњангї ва кўњантарини худро ба воситаи муассисањои таърихиву фарњангї, яъне осорхонањо ва шахсони фидоии ин соња гирдоварї намуда ва ба љањониён муаррифї бикунад  осорхонањо мунтазам аз нигорањо бою ѓанї карда мешаванд.

     Бузургтарини хидмати таърихиву фарњангии осорхонањо он аст, ки дар баробари ба маърази намоиш намоиш гузоштани нигорањои таърихиву фарњангї, боз фаъолияти шуъбањои зиёдеро ба монанди инъикосгари табиат ба роњ монда тамошобин ва ё сайёњ ваќти ба ворид шудан на танњо аз таъриху фарњанг, балки табиату љуѓрофияи Тољикистон: кўњҳо, дарёњо, наботот, мамнӯъгоњҳо шиносої пайдо мекунад.  

         Осорхона бошад ишораест ба гузашта, роњнамоест ба оянда, осорхона њамчун муассисаи махсуси фарњангї баробари фаъолияти худ љамъовариву харидорї сарватњои фарњангиро ба роњ мемонад. Тармиму њифзи онњо, баррасии соњавї ва тарѓибу ташвиќи нигорањо дар бобати тарбияи маънавї ва зебопарастї ташаккулу тањкими њиси ифтихори миллї, ватанпарварї, худшиносии насли наврас мегардад.

                                  Абдулов Ҷамолиддин, ходими илмии Осорхонаи маорифи назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон                    

                                                                                                           Маорифи Тоҷикистон, №3, 2018